Барои таъйини нафақа кадом ҳуҷҷатҳо лозиманд

    Рақамисозӣ 10 Dekabr 2024 2297

    Имрӯз шаҳрвандон метавонанд аз хона набаромада нафақаро расмӣ гардонанд.

    Инро тавассути портали my.gov.uz дар тартиби онлайн анҷом додан мумкин аст.

    Дар ин ҳолат, шаҳрвандон бояд танҳо бо шиносномаҳои биометрӣ ё корти ID ба Марказҳои хидматрасонии давлатӣ ё шуъбаҳои ноҳиявӣ (шаҳрӣ)-и Хазинаи нафақа муроҷиат кунанд.

    Эзоҳ: Барои минбаъд инъикос додан дар низоми иттилоотии Хазинаи нафақа шаҳрвандон бояд маълумоти фаъолияти меҳнатии худро рақамӣ гардонанд.

    Дар ин ҳолат шаҳрвандоне, ки кор мекунанд, метавонанд рақамигардонии маълумотҳои худро аз корфармоёни худ дархост кунанд.

    Шаҳрвандоне, ки айни замон кор намекунанд, метавонанд ба Марказҳои мусоидат ба шуғли аҳолӣ (Биржаи меҳнат) дар маҳалли зист муроҷиат кунанд, ки кормандони шуъбаҳои шуғл маълумоти фаъолияти меҳнатиро ройгон рақамӣ мегардонанд.


    No date selected
    January 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates