Масъалаҳои шуғл ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ муҳокима шуданд

    Ҳукумат 10 May 2023 7275

    Президент Шавкат Мирзиёев 10 май бо муаррифии тадбирҳои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва афзоиши шуғли аҳолӣ шинос шуд.

    Дар доираи ислоҳоти маъмурӣ вазорате, ки ба ин соҳаҳо масъул аст, таъсис дода, дар соҳа тамоми асосҳои ҳуқуқию ташкилӣ фароҳам оварда шуданд. Дар мамлакати мо бори аввал консепсияи хароҷоти минималии истеъмолӣ ҷорӣ карда шуд.

    Аҳоли иш билан таъминлаш мақсадида оилавий тадбиркорликка 15 триллион сўм имтиёзли кредит ва субсидия, қишлоқ хўжалигига 200 минг гектар ер ажратилди. Қариб 300 ҳазор субъекти соҳибкорӣ ташкил карда шуда, фаъолияти 20 ҳазор корхона васеъ гардид. Соли гузашта 1 миллион нафар одамон аз камбизоатӣ раҳо шуданд.

    Бо мақсади таъмин намудани шуғли аҳолӣ барои соҳибкории оилавӣ 15 триллион сӯм қарзи имтиёзнок ва субсидияҳо чудо карда, барои хоҷагии қишлоқ 200 ҳазор гектар замин тақсим карда шуд. Қариб 300 ҳазор субъекти соҳибкорӣ ташкил карда шуда, фаъолияти 20 ҳазор корхона васеъ гардид. Соли гузашта 1 миллион нафар одамон аз камбизоатӣ бароварда шуданд.

    Дар Конститутсияи ба қарибӣ қабулшуда, давлат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ӯҳдадор шудааст. Ба ин муносибат дар маҷлис тадбирҳои ба зинаи нав расондани ин кор муҳокима карда шуданд. Гуфта шуд, ки пеш аз ҳама Вазорати шуғли аҳолӣ ва коҳиши камбизоатӣ бояд корро дар соҳа ба таври нав ташкил намояд.

    Масъалаи дастгирии соҳибкорон ва ҳавасмандгардонии онҳо ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ баррасӣ гардид. Барои ин онҳо дар бораи тайёр кардани кадрҳои ихтисоснок шартнома мебанданд. Яъне дар корхонаҳо мономарказҳо ташкил карда мешаванд. Давлат дар баробари ҷудо кардани маблағи зарурӣ барои таълими кормандон барои дастрасӣ ба инфрасохтор, қарз, андоз ва дигар масъалаҳо сабукиҳо фароҳам меорад. Соҳибкор, дар навбати худ, мардуми камтаъминро бо кори фоидаовар таъмин мекунад.

    Ба масъулин дастур дода шуд, ки ин низомро дар тамоми ноҳияву шаҳрҳо ҷорӣ кунанд.

    Таҷрибаи Чин дар паст кардани сатҳи камбизоатӣ қобили таваҷҷуҳ аст. Ба наздикӣ ҳайати вакилони мамлакати мо бо мақсади омӯхтани ин таҷриба ва кор карда баромадани муносибатҳои нав ба Чин сафар кард. Ба Вазорати шуғли аҳолӣ ва коҳиши камбизоатӣ мутахассисони чинӣ ҷалб карда шуданд.

    Зимни муаррифӣ муайян карда шуд, ки бар асоси таҷрибаи Чин барномаи алоҳидаи баровардан аз камбизоатӣ дар яке аз навоҳии ҳар як вилоят амалӣ мешавад. Ҳамзамон, ба беҳбуди инфрасохтори роҳу нақлиёт, энергетика, коммуникатсия ва инфрасохтори сайёҳӣ, рушди шаҳрҳои хурду миёна, индустрикунонии маҳаллаҳои минтақаҳои сатҳи камбизоатиаш баланд таваҷҷуҳ зоҳир карда мешавад.

    Ба муовини Сарвазир супориш дода шуд, ки масъалаҳои марбут ба омодасозии инфрасохтори заруриро ҳал намояд.

    Соли ҷорӣ ба соҳибкории оилавӣ 13 триллион сӯм қарз ва 1,5 триллион сӯм субсид ҷудо карда мешавад. Барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва шуғли аҳолӣ 37 намуди кумакпулӣ вуҷуд дорад. Аммо шароити таъмини ин кумак барои ҳама амалан якхела буда, вазъи гуногуни иҷтимоию иқтисодии оилаҳо, вақти барои худтаъминкунӣ баровардани лоиҳаҳо зарурӣ ба назар гирифтта намешаванд. Ба ин муносибат таклиф карда мешавад, ки тартиби ҷудо кардани қарз ва субсидия тағйир дода, муносибати индивидуалӣ ба ҳар як оилаи камтаъминро пешбинӣ карда шавад.

    Супоришҳо дода шуданд, ки Вазорати шуғл ва коҳиш ба як низоми ба мардум нигаронидашуда табдил дода, бевосита дар маҳаллаҳо ба беш аз 100 адад хизматрасонии иҷтимоӣ ба роҳ монда шавад.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates