«Комиссияи байниидоравӣ оид ба пешгирӣ ва паҳншавии сирояти коронавирус дар қаламрави Қазоқистон бо назардошти ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ қарор кард, ки аз 11 апрели соли 2022 маҳдудиятҳоро дар убури сарҳади давлатӣ аз ҷониби шаҳрвандони Ҷумҳурии Қазоқистон, шахсони бешаҳрванд ва хориҷиён дар гузаргоҳҳои заминӣ бо Русия, Ӯзбекистон ва Қирғизистон бекор кунад», -- гуфта мешавад дар вебсайти ҳукумат.
Ҳамаи маҳдудиятҳо барои убури сарҳади давлатӣ тавассути ҳавопаймо низ аз байн бурда мешаванд.
Ҳамзамон, талабот барои пешниҳоди ҳатмии шаҳодатнома бо натиҷаи санҷиши манфии COVID-19 бо истифода аз усули ПТР ё ҳуҷҷат/шиноснома оиди гузаштан аз курси пурраи эмкунӣ, эмкунии дубора бар зидди COVID-19 барои қазоқистониён ва хориҷиён, ки дар ҳудуди Қазоқистон ҳуқуқи истиқомат доранд ва шаҳрвандони хориҷӣ ҳангоми доштани шиносномаи эмгузаронии мутақобила боқӣ мемонад.









