Бонувони кегейлигӣ дар корхонаи замонавӣ соҳиби кор шуданд

    Ҳукумат 30 Mart 2023 5810

    Сафари Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Қароқалпоқистон аз корхонаи «Актуба текстил»-и ноҳияи Кегейлӣ оғоз ёфт.

    Пештар дар ин ноҳия истеҳсолоти саноатӣ набуд. Натиҷаҳои корҳо оид ба дигаргунсозиҳои сохторӣ дар иқтисодиёт, кооператсияи байниминтақавӣ дар ин ҷо низ эҳсос мегарданд. Аз ҷумла, дар ноҳия якҷоя бо соҳибкорони Андиҷон се лоиҳа амалӣ гардид.

    Дар байни онҳо корхонаи «Актуба Текстил» ҳаст, ки дар як сол зиёда аз 3 миллион дона маснуоти трикотажӣ истеҳсол карда метавонад. Корхона дорои таҷҳизоти муосири Олмон, Ҷопон ва Туркия мебошад. 500 ҷойи корӣ таъсис дода шуд. Дар назар аст, ки дар як сол ба маблағи 6 миллион доллар маҳсулот содирот шавад.

    Президент бо рафти истеҳсолот шинос шуд, бо коргарон суҳбат кард. Вай ифтитоҳи чунин корхонаҳои навро дар навоҳии дурдаст ва бо ҷойи кор таъмин намудани занонро муҳим арзёбӣ намуда, барои идомаи ин кор ба масъулин дастур дод.

    Дар корхона маркази азнавтайёркунии касбӣ ташкил карда шудааст. Дар ин ҷо сокинони бекори маҳаллаҳои ҳамсоя касбу ҳунар меомӯзанд.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates