Давлатбек Абдумуродов, Сергей Косолапов, Назарбек Маҳмудов, Ҳасанхон Баротов, Муродбек Азимов ва Ҳусанхон Баротов дар вазнҳои худ медалҳои тилло гирифтанд.

Дар натиҷаи муборизаи пуршиддат 22 нафар кикбоксчиёни мо, ки дар 27 риштаи чемпионати Осиё ширкат доштанд, 10 медали тилло, 9 нуқра ва 5 биринҷӣ ба даст оварданд.

Зарифҷон Истамов, Сергей Косолапов ва Малика Чорева ҳуқуқи ширкат дар Бозиҳои ҷаҳонии ҳунарҳои размиро ба даст оварданд, ки соли оянда дар Эр-Риёд баргузор мешавад.