Натиҷаҳо ва лоиҳаҳои нави саноати кимиё баррасӣ гардиданд

    Ҳукумат 21 Sentabr 2022 8564

    Президент Шавкат Мирзиёев 21 сентябр бо тақдимоти нишондиҳандаҳои асосӣ ва лоиҳаҳои дар саноати кимиё пешбинишуда шинос шуд.

    Дар натиҷаи ислоҳот дар саноати кимиё хели маҳсулот ва даромаднокии корхонаҳо афзуд. Дар зарфи 8 моҳи соли ҷорӣ зиёда аз план як миллион тонна нуриҳои маъданӣ истеҳсол карда шуд. Содирот қариб ду баробар афзуда, ба 330 миллион доллар расид.

    Рағбати муҳими афзоиш баланд шудани эътимоди сармоягузорон ва вуруди сармоя ба соҳа гардид. Аз ҷумла, имрӯз дар соҳаи кимиё аз ҷониби бахши хусусӣ 15 лоиҳа ба маблағи 2 миллиард доллар амалӣ мешавад, ки 5-тои он ба наздикӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.

    Дар баробари ин барои ба саноате табдил додани соҳа, ки маҳсулоти дорои арзиши иловагиаш баланд истеҳсол мекунад, кори бисёр ба анҷом расонда шавад. Бояд корхонаҳоро бо ашёи хом таъмин карда, аз навҷиҳозонии технологии онҳоро ба рох монд, кластерҳои кимёвӣ ташкил карда, истеҳсолотро васеъ кард.

    Зимни муаррифӣ оид ба корҳои дар ин самт анҷом додашуда ва натиҷаҳои то охири сол интизорраванда маълумот дода шуд. Сарвари давлат вазифаҳои минбаъдаро дар ин самт муайян намуд.

    Чи хеле ки маълум аст, дар пойгоҳи корхонаи бузург дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳои Фарғона, Навоӣ ва Тошканд 4 кластери кимиё бо силсилаи пурраи истеҳсолоти “аз ашёи хом то маҳсулоти тайёр” ташкил карда мешавад. Дар ҳоли ҳозир 14 лоиҳа ба маблағи 1,8 миллиард доллар дар марҳилаи татбиқ қарор дорад ва 29 лоиҳаи дигар ба маблағи 5,6 миллиард доллари ИМА ба нақша гирифта шудааст.

    Президент таъкид намуд, ки барои самарабахш ба кор даровардани фаъолияти ин кластерҳо бояд идораи лоиҳавӣ созмон дода, қитъаҳои холӣ ба лотҳо тақсим карда, сармогузорон ҷалб карда шаванд.

    Оид ба ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадам ва технологияҳои замонавӣ дар корхонаҳои кимиё, инчунин хусусигардонии саҳми давлат дар онҳо супоришҳо дода шуданд.

    Таъкид гардид, ки дар шароити ҳозираи мураккаби ҷаҳон бо нуриҳои маъданӣ бемайлон таъмин намудани хоҷагии қишлоқ аҳамияти калон дорад.

    Самти дигаре, ки бозор талаб мекунад, кимиёи маишӣ аст. Ҳоло бештари талаботи дохилӣ ба ин гуна маҳсулотро воридот таъмин мекунад. Барои пурзӯр гардондани иқтидори истеҳсолгарони маҳаллӣ ашёи хом ва бехтар намудани сифат зарур аст. Вобаста ба ин вазифа гузошта шуд, ки барои бахши хусусӣ дар соҳаи кимиёи маишӣ шароити васеъ фароҳам оварда, истеҳсолкунандагонро бо ашёи хом таъмин намуда, брендҳои байналмилалӣ ҷалб карда шаванд.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates