Дар солҳои охир дар ин соҳа тағйироти назаррас ба амал омада, барои ҷалби сармоягузорӣ ба занҷирҳои нави технологӣ имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шуданд. Бо вуҷуди ин, фаъолияти корхонаҳои бузурги кимиёвӣ то ҳол ба талаботи муосир ҷавобгӯ нест.
Дар ҷаласаи баргузоршуда, ки дар фазои танқидӣ гузашт, масъалаҳои муҳими соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Сарвари давлат ба захираҳои истифоданашуда ва мушкилоти мавҷуда, ки ба ҳалли фаврӣ ниёз доранд, ишора намуд.
Аз ҷумла, ҷорикунии босуръати технологияҳои пешрафта имкон медиҳад, ки арзиши иловагии маҳсулоти корхонаҳои кимиёвӣ ба таври назаррас афзоиш дода шавад.
Президент ба камбудиҳои ҷойдошта ишора карда, вазифа гузошт, ки шумораи лоиҳаҳои сармоягузории баландтехнологӣ зиёд гардонда шавад.
Ба ҳукумат ҷиҳати ҳалли фаврии мушкилоти соҳа, пурра кушодани иқтидори он ва тезонидани татбиқи лоиҳаҳои муҳим супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Ҳамчунин, ба шахсони масъул дастур дода шуд, ки технологияҳои рақамиро дар ҳар як корхона ҷорӣ намуда, аз иқтидори истеҳсолӣ ҳадди аксар истифода баранд, самаранокии энергетикиро баланд бардоранд ва арзиши маҳсулотро коҳиш диҳанд.