"Чин - Қирғизистон - Ӯзбекистон - Афғонистон": масъалаҳои ташкили долони нав баррасӣ шуданд

    Нақлиёт 10 Avgust 2022 684

    Чанд рӯз қабл бо ташаббуси бо ташаббуси иҷрокунандаи вазифаи раиси раёсати ҶС «Ўзбекистон темир йўллари» Х. Хосилов бо роҳбарони роҳҳои оҳани Қирғизистон ва Афғонистон, дар формати видеоконфронс мулоқот ба амал омад, ки дар он масъалаҳои ташкили даҳлези нави «Чин — Қирғизистон — Ўзбекистон — Афғонистон» ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамлу нақли бор дар ин долон, муҳимаш, ҷорӣ намудани тарифҳои рақобатпазир баррасӣ гардид.

    Дар вохӯрӣ директори генералии Корхонаи давлатии «НК «Қирғиз темир жолу» А.Соқиев, директори генералии роҳи оҳани Афғонистон Бахт ул-Раҳмон Шарофат, инчунин ширкати логистикии чинии «Wagkhan Corridor», намояндаи Чин ҷаноби Мао ва намояндаи Афғонистон низ ҷаноби Забиулло даъват шуда буданд, ки аҳамияти ин даҳлезро кайд намуданд.

    Бинобар даҳлези мазкур тавассути роҳи оҳан аз истгоҳи роҳи оҳани Қашғари Чин то истгоҳи роҳи оҳани Ӯши Қирғизистон ва аз истгоҳи Ӯш то истгоҳи Хайратони Афғонистон тавассути роҳи оҳан интиқоли мол дар назар аст. Ҳаҷми солонаи боркашонӣ то имрӯз 3500 контейнерро ташкил дода, дар оянда дар як сол то 60 ҳазор контейнер кашонидани бор дар назар аст.

    Илова бар ин, бо дарназардошти сиёсати рақобатпазири тарифӣ ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар оянда масъалаи тахфифи тарифҳоро баррасӣ намуда, ставкаи тарифии худро дар ҷаласаи навбатӣ пешниҳод намоянд.

    Зимни мулоқот ҷонибҳо таъкид намуданд, ки барои рушди долон тамоми кӯшишро ба харҷ дода, ташаббусҳои навро фаъолона дастгирӣ хоҳанд кард.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates