Тибқи иттилои Uzbekistan Airports, ҳавопаймои MU6037 соати 18:40 ба фурудгоҳи байналмилалии Тошканд расид ва бо маросими тантанавӣ истиқбол гирифта шуд.

Ин хатсайр пойтахти Ӯзбекистонро мустақиман бо яке аз бузургтарин шаҳрҳои Чин мепайвандад ва барои рушди сайёҳӣ, тиҷорат ва ҳамкориҳои иқтисодӣ имкониятҳои нав фароҳам меорад.

Парвозҳо ҳафтае 4 маротиба (душанбе, сешанбе, панҷшанбе ва шанбе) бо ҳавопаймоҳои Airbus A330-200 анҷом дода мешаванд. Давомнокии парвоз тақрибан 8 соатро ташкил медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки ин аллакай хатсайри дуюми ширкат дар самти Ӯзбекистон мебошад — қаблан парвозҳои «Сиан — Тошканд» низ ба роҳ монда шуда буданд.

Ин иқдом ба рушди сайёҳӣ, робитаҳои тиҷоратӣ ва тақвияти ҳамкориҳои нақлиётӣ байни Ӯзбекистон ва Чин мусоидат мекунад.