Сармоягузорони чинӣ ният доранд дар Ӯзбекистон тавлиди таҷҳизот барои неругоҳҳои барқи обии хурдро роҳандозӣ кунанд

    Сармояҳо 17 Fevral 2023 3273

    Консули генералии Ӯзбекистон дар Шанхай Азиз Масутов бо муовини директори генералии ширкати "Zhejiang Jinlun Electromechanic Co., Ltd" Чен Чен мулоқот кард.

    Ба ҷониби Чин муаррифии фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар Ӯзбекистон, маълумот дар бораи имтиёзҳо ва сабукиҳо барои сармоягузорони хориҷӣ, инчунин дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ фаъолият доранд, пешниҳод карда шуд.

    Зимни мулоқот оид ба рушд ва густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодии Ӯзбекистон ва минтақаи Чини Шарқӣ, инчунин ҷалби сармояи хориҷӣ ва технологияҳои муосир ба ҷумҳурӣ табодули афкор сурат гирифт, хабар медиҳад хабаргузории «Дунё».

    Намояндаи ширкати чинӣ ислоҳоти прогрессивӣ, ки таҳти роҳбарии Президент Шавкат Мирзиёев дар соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоӣ татбиқ мегарданд, баҳои баланд дод. Таъкид гардид, ки "Zhejiang Jinlun Electromechanic Co., Ltd" ба дурнамои густариши иштироки дарозмуддати худ дар Ӯзбекистон тавассути афзоиши ҳамкориҳои сармоягузорӣ ва технологӣ боварӣ дорад.

    Дар асоси натиҷаҳои корҳои пешакӣ ҷониби Чин қарор намуд, ки ҳайати худро таҳти роҳбарии раиси ширкат аз 17 то 24 феврали соли 2023 ба Ӯзбекистон барои таъсиси корхонаи муштараки Ӯзбекистону Чин оид ба истеҳсоли турбинаҳои гидротехникӣ, генераторҳо ва қисмҳои эҳтиётии неругоҳҳои барқи обии хурд бо минбаъд амиқтар кардани сатҳи маҳаллисозии истеҳсолот ва бо ҷойҳои корӣ таъмин кардани то 200 нафар фиристад.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates