Олимони чинӣ равиши нави омӯзиши роботҳоро пешниҳод карданд, ки ба шарофати он роботи гуманоид тавонист бозии теннисро аз худ намояд. Тавре ки New Atlas хабар медиҳад, ин ихтироъ метавонад як пешрафти ҷиддӣ дар соҳаи омӯзиши мошинӣ ва зеҳни сунъии амалӣ гардад.

Ба ҷойи системаҳои мураккаби таҳлили ҳаракат, ки шумораи зиёди камераҳо ва маълумоти дақиқро талаб мекунанд, олимон усули наверо бо номи LATENT таҳия карданд.

Барои омӯзиш ҳамагӣ панҷ соат сабти ҳаракатҳои варзишгарон истифода шуд. Дар асоси онҳо маҷмӯи “маҳоратҳои моторӣ” таҳия гардида, ба роботи гуманоид бор карда шуд.

Баъдан робот мустақилона омӯхт, ки ҳаракатҳоро ба шароити воқеӣ мутобиқ намояд: траекторияи тӯбро муайян кунад, вақти зарбаро дуруст интихоб намояд ва мавқеи ракеткаро танзим кунад. Қисми асосии омӯзиш дар муҳити симулятсионӣ гузашт, ки ин равандро хеле тезонд.

Дар натиҷа робот нишондиҳандаҳои баланд ба даст овард: тақрибан 90% зарбаҳои муваффақ аз рост ва қариб 80% аз чап. Ҳаракатҳои он табиӣ ва ҳамвор буда, ба бозии инсон монанд мебошанд.

Гарчанде ки робот ҳанӯз барои бозии пурра бо инсон омода нест, олимон инро як қадами муҳим мешуморанд. Ин технология метавонад на танҳо дар варзиш, балки дар дигар соҳаҳо, ки мутобиқшавии зуд ба шароити мураккаб лозим аст, истифода шавад. Барномаи LATENT аллакай дар дастрасии озод қарор дорад.