Акнун таваҷҷӯҳ ба истифодаи бештари китобҳои дарсии чопӣ, рушди малакаҳои навиштан ва кам кардани вақти кӯдакони боғчаҳо, ки дар назди экран мегузаронанд, равона карда мешавад. Коршиносон мегӯянд, ки ин чора ба беҳтар шудани малакаҳои хониш кӯмак мекунад.
Бино ба таъкиди баъзе муаллимон, хонандагон бештар китобҳои коғазӣ ва маводи таълимиро талаб мекунанд, зеро онҳо нисбат ба ноутбукҳо маълумотро зудтар меомӯзанд ва дар хотир мегиранд.
Ин маънои онро надорад, ки дар синфхона технологияро комилан манъ месозанд: дастгоҳҳои рақамӣ истифода мешаванд, аммо ҳукумат барои харидани китобҳо ва маводи таълимӣ миллионҳо крон ҷудо менамояд, хабар медиҳад BBC.
Солҳои 2000 ва 2010 дар Шветсия мактабҳо китобҳои дарсиро бо ноутбук ва iPad-ҳо иваз карданд. Ҳадаф омода намудани хонандагон ба ҳаёти рақамӣ буд, аммо натиҷа баръакс шуд.
Дар солҳои 2000 Шветсия яке аз баландтарин сатҳҳои саводнокиро дар Аврупо дошт, аммо ин нишондиҳанда тадриҷан коҳиш меёбад.
Пас аз чанд соли натиҷаҳои бад, дар озмоиши байналмилалии PISA (арзёбии хондан, математика ва фанҳои табиӣ) нишондиҳандаҳои хонандагони 15-сола дар соли 2012 ба пасттарин сатҳ расиданд.
Акнун китобҳои дарсӣ дубора ба синфхонаҳо баргардонида шуданд ва натиҷаҳои хондан боз беҳтар мешаванд. Барои хонандагони 10-сола озмуни миллии китобхонӣ оғоз гардид ва синфе, ки бештар китоб мехонад, соҳиби ҷоизаҳо мегардад.
Ҳукумати Шветсия бар он назар аст, ки воситаҳои таълимии рақамӣ бояд танҳо дар сурате истифода шаванд, ки онҳо раванди таълимро дастгирӣ кунанд.
Воситаҳои анъанавии таълим барои хонандагон ва омӯзгорон муҳиманд, аммо дар бисёр мактабҳо то ҳол китобҳои дарсии зарурӣ намерасанд. Соли 2023 ҳукумат барои хариди китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ барои мактаб ва кӯдакистонҳо субсидияи нави давлатӣ ҷорӣ кард. Дар соли 2023 дар маҷмӯъ 685 миллион крон шведӣ, дар соли 2024 — 658 миллион ва дар соли 2025 — 755 миллион крон ҷудо карда шуд. Аз соли 2026 ҳар сол ҷудо намудани 555 миллион крон маблағ ба нақша гирифта шудааст.
Соли 2028 барномаҳои нави ҳатмии мактабӣ ҷорӣ мешаванд ва барои дастгирии омӯзгорон китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ лозим хоҳанд буд. Аз ин рӯ, ҳукумат барои дар соли 2028 харид кардани китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ 500 миллион крон иловагӣ ҷудо кард.
Дар мактабҳои Шветсия истифодаи телефонҳои мобилӣ манъ карда шудааст, хабар медиҳад oz.inform.kz.