Дар мактабҳои Шветсия ба бачаҳо истифода бурдан аз телефонҳои мобилӣ пурра манъ карда мешавад

    Шветсия дар тамоми мактабҳои кишвар аз телефонҳои мобилӣ истифода намудани бачагонро пурра манъ менамояд. Дар ин бора нашрияи The Guardian хабар додааст.

    Қоидаҳои нави истифодаи гаджетҳо аз тирамоҳи соли 2026 ба иҷро медароянд. Омӯзгорон вазифадор мешаванд, ки пеш аз оғози дарс телефонҳои хонандагони аз 7 то 16-соларо ҷамъ кунанд ва пас аз анҷоми дарс ба онҳо баргардонанд.

    Мақсади асосии ин иқдом амнияти кӯдакон ва беҳтар кардани сатҳи иштироки онҳо дар раванди таҳсил аст.

    Бино ба гуфти вазири таълими Шветсия Симон Мохамссон, ин қарор яке аз муҳимтарин ислоҳот дар низоми таълими кишвар дар 30 соли охир хоҳад шуд, менависад gazeta.ru.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates