Дар ин бора телевизиони марказии Ҷумҳурии Мардумии Чин хабар дод.
Ракета ба акваторияи пешбинишуда расид.
Он мувофиқи барномаи машқҳои ҳарбии солонаи қӯшунҳои ракетӣ гузаронида шуд. Мақсад аз ин - озмоиши аслиҳа ва сатҳи омодагии нируҳо мебошад. Чин дар бораи партоби мушак ба кишварҳои дахлдори минтақа пешакӣ хабар додааст, таъкид мекунад телеканал.
Баъдан вазорати мудофиаи Чин маълум кард, ки партоби мушак алайҳи кишварҳои дигар нигаронида нашудааст, гузориш медиҳад report.az.
“Партоби мушак мутобиқи қонунҳо ва таҷрибаи байналмилалӣ буда, он алайҳи ягон кишвар ё объекти мушаххас нигаронида нашудааст”, гуфта мешавад дар баёнот.