Дар ин бора Хадамоти иттилооти Кумита хабар дод.
Тавре зикр мешавад, ба муносибати афзудани суръати савдо пеш аз ҷашни Соли нав аз тарафи аксар мағозаҳо, майдончаҳои савдои онлайн ва ширкатҳои хизматрасонӣ эълонҳое чун «50% тахфиф», «якто харед — дувумаш ройгон», «фақат имрӯз», «бузургтарин аксияи сол» ва ғайра паҳн карда мешаванд.
Кумита гуфтааст, ки агар чунин пешниҳодҳо воқеан ба манфиати истеъмолкунандагон бошанд, онҳо дастгирӣ мешаванд.
Вале ҳолатҳое мушоҳида мешаванд, ки баъзе аз соҳибкорон бо мақсади манфиати шахсӣ тахфифҳоро сохта нишон дода, нархи воқеии пешинаро боло мебаранд ва гӯё имтиёз дода бошанд, онро арзон кардем мегӯянд ё маълумоти муҳимро дар бораи аксия пинҳон мекунанд.
Тавре Кумитаи рақобат маълумот медиҳад, қисми асосии беш аз 48 ҳазор муроҷиат, ки дар давоми соли ҷорӣ ворид шудааст, ба пешниҳоди маълумоти нодуруст, гумроҳкунанда ё нопурра дар бораи тахфиф ё аксия марбутанд.
Ин ҳолатҳо бештар дар платформаҳои фурӯши онлайн ва нуқтаҳои хурди савдои чакана мушоҳида мешаванд.
Тибқи Қоидаҳои савдои чакана, ки бо қарори Ҳукумат тасдиқ шудааст, ҳар як фурӯшанда вазифадор аст:
барои моле, ки тахфиф дорад, пасттарин нархи 30 рӯзи охирро нишон диҳад;
миқдори тахфифро бо фоиз ё маблағ дақиқ маълум намояд;
агар шумораи молҳои дорои тахфиф маҳдуд бошад, пешакӣ истеъмолкунандаро дар ин бора огоҳ кунад;
санаи оғоз ва анҷоми тахфифро нишон диҳад;
агар истеъмолкунанда дархости намояд, дар бораи нархи маҳсулот пеш аз тахфиф маълумот пешниҳод кунад;
агар тахфиф ба ивази пешниҳоди маълумоти шахсӣ сурат гирад, дар бораи чӣ гуна коркард гардидани маълумот бояд пешакӣ баён намояд.
Ҳамзамон, барои баъзе молҳо гузаронидани тахфиф ё аксия комилан манъ карда шудааст. Аз ҷумла:
маҳсулоти спиртӣ,
маҳсулоти тамоку ва воситаҳои никотиндор,
воситаҳои доругӣ ва БАД-ҳо,
нӯшокиҳои энергетикӣ.
Дар рекламаи ин маҳсулот эълони тахфиф, бонус, мусобиқа ё аксияи ҳавасмандкунӣ ба тарзи «бозӣ» қатъиян манъ аст.
Кумитаи рақобат соҳибкоронро даъват кард, ки талаботи қонунгузориро вайрон накунанд ва истеъмолкунандагонро фиреб надиҳанд. Ҳангоми муайян гардидани тахфифҳои бардурӯғ ё аксияҳои сохта, санксияҳои қатъӣ чун ҷаримаҳои молиявӣ, чораҳои ҷавобгарӣ тибқи тартиботи муқаррарӣ, қатъи фаъолияти реклама пешбинӣ шудааст.
Кумита ҳамчунин гуфтааст, ки барои расондани ёрии ҳуқуқӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ ба соҳибкорон омода аст.

