Ҳамчунин, ҳолатҳое қайд мешаванд, ки бо муқаррар кардани нархи ҳадди ақал ва нагузоштани интихоби дигар ба истеъмолкунанда, ҳуқуқи интихоби озоди ӯ маҳдуд карда мешавад.

Кумита таъкид менамояд, ки тибқи моддаи 4-и Қонун «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад, то маҳсулот (кор, хизмат)-ро озодона интихоб намояд ва босифат будани онро талаб кунад. Инчунин, мутобиқи моддаи 21-и ҳамин Қонун, фурӯшанда (иҷрокунанда) ҳақ надорад истеъмолкунандаро маҷбур намояд, ки бо пардохти иловагӣ маҳсулоти дигар харад ё аз хизматрасониҳои иловагӣ истифода барад.

Ба ҳамин муносибат, ба муассисаҳои хӯроки умумӣ инҳо ёдовар карда шуд:

– истеъмолкунандаро ба харидани маҷмӯа дар шакли «сет» маҷбур насозанд;

– дар сурати даст кашидани муштарӣ аз маҷмӯа, ҳуқуқи ӯро барои интихоби дигар таомҳо аз рӯйхати таомнома маҳдуд накунанд;

– маҳсулоте, ки метавонанд ба саломатии истеъмолкунанда таъсири манфӣ расонанд (аз ҷумла дорои компонентҳои ангезандаи аллергия), ба таркиби маҷмӯа ба таври маҷбурӣ ворид карда нашавад.

Ҳамчунин қайд гардид, ки тибқи моддаи 65-и Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, давлат бо назардошти афзалияти ҳуқуқи истеъмолкунандагон, озодии фаъолияти иқтисодӣ, соҳибкорӣ ва меҳнатро кафолат медиҳад.

Таъкид карда шуд, ки дар сурати вайрон гардидани талаботи қонун, тибқи тартиби муқарраргардида чораҳо андешида мешаванд.