«Lesinvest», ки паҳнкунандаи расмии ин ширкат аст, фурӯш ва хидматрасонии мошинҳои арзони “Chevrolet”-ро дар Тоҷикистон идора хоҳад кард.

Дар ин марҳила, «Lesinvest» инкишоф додани шабакаи дилерӣ ва  роҳандозии барномаҳои қарзиро якҷоя бо бонкҳои пешсафи Тоҷикистон бо мақсади таъмини фурӯши мошинҳои “ChevroletSpark”, “ChevroletCobalt”, “ChevroletNexia” ва “ChevroletLacetti” бо нархҳои ҷолиб ва рақобатпазир ба нақша гирифтааст, хабар медиҳад “UzAutoMotors”.

Дар айни ҳол, «Lesinvest»  ба нақша гирифтааст, ки ба шарофати бартарияти рақобатпазирии таносуби нархҳо ва сифат дар бозорҳои Тоҷикистон ҳаҷми фурӯшро тақвият диҳад ва мавқеи мошинҳои дастраси Chevrolet -ро мустаҳкам кунад.