Президенти Ҷумҳурии Куриё бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташриф меорад

    Бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 13-15 июн Президенти Ҷумҳурии Куриё Юн Сок Ёл бо сафари давлатӣ ба кишвари мо ташриф меорад.

    Мувофиқи барномаи сафар дар шаҳри Тошканд музокироти сатҳи олӣ сурат гирифта, дар ҷараёни он масъалаҳои мубрами рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии махсуси стратегии Ӯзбекистону Куриё баррасӣ мешаванд.

    Масъалаҳои густариши ҳамкориҳои амалӣ, пеш аз ҳама дар соҳаҳои тиҷорат, инноватсия, мубодилаи технологӣ, энергетика электроника ва электротехника, саноати кимиё, кишоварзӣ, рушди инфрасохтор ва дигар самтҳои афзалиятнок дар марказии таваҷҷуҳ қарор хоҳанд гирифт. Барномаҳои муштарак дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш ва сайёҳӣ баррасӣ мешаванд.

    Ҳамчунин доир ба масъалаҳои ҳамкории минтақавӣ, аз он ҷумла дар формати «Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Куриё» табодули афкор сурат мегирад. Бинобар натиҷаҳои ҳамоиш ба имзо расондани як қатор ҳуҷҷатҳои байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ба назар гирифта шудааст.

    Дар чаҳорчӯби барномаи тиҷоратии сафар президентҳои Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Куриё дар ҳамоиши муштараки соҳибкорон ширкат хоҳанд кард.

    Президент Юн Сок Ёл инчунин ҷиҳати шиносоӣ бо мероси бои фарҳангиву таърихии кишварамон ба шаҳри Самарқанд сафар мекунад.


    No date selected
    July 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates