Маросими истиқболи ботантанаи Президенти Ҷумҳурии Корея баргузор гардид

    14 июн дар қароргоҳи "Кўксарой" маросими истиқболи ботантанаи Президенти Ҷумҳурии Корея Юн Сок Ёл, ки дар кишварамон бо сафари давлатӣ қарор дорад, баргузор гардид.

    Дар майдони назди қароргоҳ парчамҳои давлатии ду кишвар овехта шуда, қаровули фахрӣ саф орост.

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев меҳмони олиқадрро самимона истиқбол намуда, ба шоҳсуфа даъват кард. Мадҳияҳои давлатӣ навохта шуданд.

    Роҳбарон дар зери садои оркестри ҳарбӣ сафи қаровули фахриро давр зада, якдигарро бо аъзоёни ҳайатҳои вакилони расмӣ шинос карданд.

    Пас аз аксгириҳои якҷоя, музокирот дар доираи маҳдуд оғоз ёфт.


    No date selected
    July 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates