Хайати вакилони Корея барои муҳокимаи лоиҳаи кам кардани партовҳои атмосфера, ки хочагихои гармхонахо истехсол мекунанд, ба ҷумҳурӣ сафар кард. Ба ҳайати вакилон ғайр аз ширкати Korea Western Power намояндагони ширкати муҳандисии KICC низшомил буданд.
Ба деҳқонони маҳаллӣ сӯзишвории биологӣ аз ғузапоя ҳамчун алтернатива ба гармкунӣ аз истифодаи ангишти гармхонаҳо пешниҳод карда мешавад. Интизор меравад, ки дар 10 соли оянда ин имкон медиҳад, партовҳои атмосфераро 120 ҳазор тонна коҳиш диҳад, менависад EastFruit.
Дар шаҳри Фурқати вилояти Фарғона бунёди корхонаи тавлиди сӯзишвории биологӣ дар назар аст. Бо ҳокимиятҳои шаҳр ва минтақавӣсозишномаҳои дахлдор имзо шуданд.
Тирамоҳи соли 2022 соҳибони гармхонаҳо ба таври оммавӣ аз қатъ ёфтани интиқоли газ шикоят карданд. Вазорати энергетика изҳор дошт, ки гузаштан ба "сӯзишвории алтернативӣ" дар шартномаҳои интиқоли газ ҳамчун шарти ҳатмӣ пешбинӣ шудааст.
Моҳи феврали соли ҷорӣ Вазорати экология ба як хоҷагии гармхонаҳои канори Тошканд барои истифода аз чархҳои кӯҳна барои гармидиҳӣ ҳушдор дода буд. Ба ширкат инчунин дастур дода шуд, ки филтрҳоро барои гирифтани зарраҳои зараровар нав кунад.