Фарҳанги Ӯзбекистон дар фестивали Португалия танин андохт

    Фарҳанг 8 Avgust 2025 1458

    Аз 23 июл то 4 августи соли ҷорӣ дар Португалия фестивали байналмилалии маъруфи фолклорӣ бо номи «Festival International de Folclore Rio» баргузор гардид, ки дар он ҳунармандони ҷавони боистеъдод аз Ӯзбекистон, аз ҷумла ансамбли суруду рақсии «Sharq sadolari» аз ноҳияи Яккасарой имкони нодир пайдо карданд, ки маҳорати худро дар саҳнаи бузург нишон диҳанд.

    Бо дастгирии хокимияти шаҳри Тошканд аъзои ансамбл тавонистанд барои иштирок дар ин фестивал ба Португалия сафар намоянд. Барои онҳо тамоми шароити лозима фароҳам оварда шуда, кумаки ташкиливу моддӣ расонида шуд.

    Иштирокчиёни ансамбл тамошобинон ва иштирокчиёни фестивалро бо оҳангҳо, сурудҳо ва рақсҳои миллӣ тасхир карда, зебоии беназири фарҳанги ӯзбекро ба намоиш гузоштанд.

    Ҳар баромади онҳо дар саҳна бо истиқболи гарм ва баҳогузории баланд аз ҷониби тамошобинон пазируфта шуд.

    Дар доираи фестивал ҳайати Ӯзбекистон бо котиби давлатии фарҳанги Португалия, ҷаноби Алберту Сантуш мулоқот анҷом дод. Ӯ зикр кард:

    «Чунин мутафаккирои бузург ба мисли Муҳаммад ал-Бухорӣ, Аҳмад ал-Фарғонӣ ва Муҳаммад ибни Мусо ал-Хоразмӣ, ки дар тамоми ҷаҳони ислом машҳур буда, ба рушди тамаддуни башарӣ саҳми бузург гузоштаанд, мояи ифтихори Ӯзбекистонанд. Мардуми шумо бо ҳаққу рост сазовори эҳтироми амиқанд барои мероси бузурги таърихии худ».

    Мулоқот дар фазои гарму дӯстона баргузор гардид. Чунин чорабиниҳои байналмилалӣ ба таҳкими робитаҳои фарҳангӣ байни миллатҳо, рушди эҳтироми мутақобила ва дӯстиҳо мусоидат мекунанд.

    Баромади муваффақонаи ансамбли «Sharq sadolari» дар арсаи байналмилалӣ намунаи равшани истеъдод, санъат ва ғановати фарҳангии ҷавонони ӯзбек гардид.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates