Потенсиали фарҳангӣ ва сайёҳии Ӯзбекистон дар Фестивали байналмилалӣ дар вилояти Новосибирск муаррифӣ шуд

    Фарҳанг 12 Iyul 2024 1620

    Консулгарии генералии кишварамон дар Новосибирски Русия дар як ҷашнвораи байналмилалӣ, ки дар ноҳияи Ордаи вилояти Новосибирски Русия баргузор шуд, зарфияти фарҳангӣ ва сайёҳии Ӯзбекистонро муаррифӣ кард.

    Дар чорабинӣ вазири фарҳанги вилояти Новосибирск, намояндагони мақомоти маҳаллӣ, корпуси дипломатӣ ва созмонҳои ҷамъиятии халқу миллатҳои гуногун ширкат доштанд, хабар медиҳад АИ “Дунё”.

    Ба иштирокдорони Фестивал дар бораи корҳое, ки ба таъмини ризоияти байнимиллӣ дар Ӯзбекистон нигаронда шудааст, фарҳанг, анъана ва арзишҳои миллхалқи ӯзбек намоиш дода шуданд.

    Иштирокчиён инчунин бо ҳунарҳои миллии ӯзбек шинос шуданд. Ба шароите, ки дар шаҳрҳои таърихии Ӯзбекистон – Тошканд, Хива, Самарқанд ва Бухоро барои сайёҳон фароҳам оварда шудаанд, эътибори алоҳида дода шуд.

    Инчунин либосҳои миллии ӯзбекӣ, ки аз матоъ ва ороишоти ба таърих ва анъанаҳои чандинасраи халқи ӯзбек хос омода куада шудаанд, намоиш дода шуд.

    Пас аз ифтитоҳи расмии чорабинӣ ба меҳмонон машҳуртарин таоми таомҳои ӯзбекӣ – палави идона пешкаш карда шуд.


    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates