Дастаи «Баҳор», ки онро хореографи машҳури ҷаҳон — Ҳунарпешаи халқӣ Муккарама Турғунбоева 65 сол муқаддам ташкил карда буд, имрӯз дар репертуари худ зиёда аз 200 рақсҳои яккаю гуруҳӣ дорад, ки беҳтарин анъанаҳои хореографияи узбекӣ ва байналхалқиро фаро гирифтаанд.
Тамошобинон интизори намоиши бошукӯҳ бо баромадҳои ҷолиби рақс, либосҳои зебои миллӣ ва иҷроҳои мафтункунанда дар асбобҳои мардумӣ ҳастанд.