Ҳавопаймое, ки ба Пекин парвоз мекард, фавқулодда ба Тошканд фуруд омад

    Нақлиёт 29 May 2023 1580

    Ҳавопаймои ширкати ҳавопаймоии "Mahan Air", ки рейси IRM079 дар хатти "Теҳрон - Пекин" анҷом медиҳад, фавқулодда дар Тошканд фуруд омад. Ҳавопаймо рӯзи 28 май соати 23:20 ба вақти маҳаллӣ дар фурудгоҳи Тошканд фуруд омад.

    Ба иттилои хидмати матбуоти ширкати “Uzbekistan Airports”, сабаби фурудойӣ як мусофире будааст, ки сактаи қалбаш хуруҷ кардааст. Экипаж аз сабаби бад шудани вазъи саломатии мусофир қарор додааст, ки ба аэродроми захиравӣ фуруд ояд.

    Пас аз фуруд омадан дар фурудгоҳ мусофирро мошини ёрии таъҷилӣ гирифта, барои расондани ёрии тахассусии тиббӣ ба муассисаи тиббӣ бистарӣ кардааст.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates