Дар оғози суҳбат роҳбари давлати мо роҳбари Озарбойҷонро ба муносибати раёсати муваффақонаи ин кишвар дар Машварат оид ба ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ва ташкили ҳафтумин нишасти он самимона табрик гуфт.

Ҷанбаҳои мубрами рушди минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Ӯзбекистону Озарбойҷон дар заминаи татбиқи амалии тавофуқҳое, ки зимни сафари давлатии Президенти Озарбойҷон ба Ӯзбекистон моҳи августи соли ҷорӣ ба даст омада буданд, баррасӣ шуданд.

Тамосҳои судманд дар тамоми сатҳҳо бо қаноатмандӣ қайд гардиданд. Аз оғози соли ҷорӣ гардиши савдои ду кишвар 30 фоиз афзоиш ёфтааст. Лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои геология, энергетика, сохтмон, нақлиёт ва логистика, саноати сабук, сайёҳӣ ва дигар бахшҳо дар марҳилаи фаъоли татбиқ қарор доранд.

Барномаи ғании табодули фарҳангӣ ва гуманитарӣ низ амалӣ мешавад.

Роҳбарони Ӯзбекистон ва Озарбойҷон ҳамчунин оид ба масъалаҳои рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуда, ҷадвали чорабиниҳои дарпешистодаро баррасӣ карданд.