Маросими супурдани ҷоиза рӯзи душанбе дар театри Шатеи Париж баргузор шуд. Месси ин ҷоизаро аз дасти собиқ капитани тими миллии Англия Дэвид Бекхэм, ки шариксоҳиби клуби «Интер Майами» аст, гирифт. Соли 2022 ҷоизаро собиқ футболбози “Реал Мадрид” Карим Бензема гирифт, хабар медиҳад РИА Новости.
Месси қаблан дар солҳои 2009, 2010, 2011, 2012, 2015, 2019 ва 2021 барандаи "Тӯби тиллоӣ" шуда буд. Ин ҷавони 36-солаи аргентинӣ аз рӯи миқдори ҷоизаҳо рекорди бештар дорад. Наздиктарин довталаби ӯ Криштиану Роналдуи португалӣ аст (соҳиби панҷ “Тӯби тиллоӣ”). Дар мавсими гузашта Месси бо тими миллии Аргентина дар Қатар Ҷоми ҷаҳониро ба даст оварда, беҳтарин бозингари ин мусобиқа дониста шуд. Ӯ инчунин дар таркиби "ПСЖ" чемпиони Фаронса гардид.
Ҷойи дуюмро дар овоздиҳӣ ҳамлагари норвегиягии «Манчестер Сити» Эрлинг Ҳоланд, сеюмро Килиан Мбаппеи фаронсавӣ аз «ПСЖ» ва ҷойи чорумро бозингари дигари «Манчестер Сити», Кевин Де Брёйнеи белгиягӣ гирифтанд.
Барои занон барандаи «Тӯби тиллоӣ» футболбози «Барселона» ва тими миллии Испания Айтана Бонмати гардид. Ҷоизаро ба ӯ теннисбози рақами яки сербӣ Новак Ҷокович супурд. Дастаи занонаи "Барселона" низ ҷоизаи беҳтарин дастаи мавсимро гирифт. Беҳтарин клуби мардона "Манчестер Сити" буд.
"Тӯби тиллоӣ"-ро нашрияи France Football дар соли 1956 ҳамчун ҷоиза барои беҳтарин футболбози сол дар Аврупо таъсис додааст (бар асоси андешаҳои гурӯҳе аз хабарнигорони варзишӣ). Соли 2010 ФИФА ва France Football якҷоя шудани ҷоизаҳои «Тӯби тиллоӣ» ва "Бозингари беҳтарини ФИФА"-ро эълон карданд (бо овоздиҳии капитанҳо ва мураббиёни тими миллӣ муайян карда шуд). Моҳи сентябри соли 2016 France Football аз поёни ҳамкориаш бо ФИФА хабар дод ва ба низоми аслии муайян кардани беҳтарин бозигари сол баргашт.