Дар ин чорабинии бонуфуз, ки бори ёздаҳум доир шуд, ҳунармандони маъруфи кишварҳои узви созмон, ки дар соҳаи санъати театр фаъолияти самарабахш доранд, аз рӯи натиҷаҳои соли 2025 дар номинатсияҳои гуногун қадрдонӣ шуданд.

Боиси ифтихор аст, ки аз кишвари мо ҳунарпешаи Театри миллии академии драмаи Ӯзбекистон, Артисти хизматнишондодаи Ӯзбекистон Лола Элтоева дар номинатсияи «Беҳтарин ҳунарпешаи театр» соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гардид.

Ин маросим, ки ҳар сол дар доираи Ҷоизаҳои байналмилалии театри “Anadolu” баргузор мешавад, ба таҳкими ҳамкориҳои эҷодӣ миёни театрҳои ҷаҳони турк, муаррифии мероси муштараки фарҳангӣ тавассути санъати саҳна ва рушди равобити соҳаи театр нигаронда шудааст.

Дар баробари ҳамватани мо, ҳамчунин, аз Қазоқистон Эренбак Тойкенов дар номинаи «Беҳтарин коргардони театр», аз Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Ниязақунов дар «Беҳтарин рассоми саҳна», аз Озарбойҷон Али Эмирли  дар «Беҳтарин драматург» ва аз Туркманистон Батир Чариев дар номинаи «Беҳтарин ҳунарпешаи театр» пирӯз гардиданд.