Имсол ба нақша гирифта шудааст, ки ба минтақаҳо ва соҳаҳои иқтисодиёти кишвар зиёда аз 50 миллиард доллар сармоягузорӣ ҷалб карда шавад, инчунин барои сохтмони иншооти иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ 24 триллион сӯм маблағҳои буҷетӣ равона гардад. Ғайр аз ин, дар доираи харидҳои давлатӣ хариди мол, корҳо ва хизматрасониҳо ба маблағи зиёда аз 300 триллион сӯм амалӣ мегардад. Ҳангоми татбиқи чунин лоиҳаҳои бузург таъмини фаъолияти босуръат ва босифати низоми экспертиза аҳамияти муҳим дорад.

Бо вуҷуди ин, тартиби амалкунанда на ҳамеша ба талаботи муосир ҷавобгӯ буда, аз ҷониби соҳибкорон ва сармоягузорон танқидҳои асоснокро ба миён меорад. Аз ҷумла, соли гузашта қисми зиёди 7 750 ҳуҷҷате, ки барои экспертиза пешниҳод шуда буданд, бо кашолёбии муҳлатҳо баррасӣ гардиданд. Дар баъзе ҳолатҳо лоиҳаҳо ҳатто бо сабаби камбудиҳои ночиз чанд маротиба барои такмил баргардонида мешуданд,.

Бинобар ин, тибқи фармони Президент Маркази экспертизаи комплексии лоиҳаҳо ва шартномаҳои воридотӣ ба ихтиёри Агентии навтаъсиси ҳамкории саноатӣ ва харидҳои давлатӣ гузаронида шуд ва вазифаҳо оид ба транформатсияи фаъолияти он муайян гардиданд.

Дар муаррифӣ мушкилоти соҳа ва пешниҳодҳои барои ҳалли онҳо таҳияшуда баррасӣ шуданд.

Аз сабаби сатҳи нокифояи рақамикунонии фаъолияти марказ ва набудани усулҳои таҳлили хавф, сарбории кормандон аз меъёр зиёд аст. Бо вуҷуди он ки дар марказ 130 мутахассис фаъолият мекунанд, бинобар набудани гурӯҳбандии лоиҳаҳо аз рӯи сатҳи хавф ва аҳамияти стратегӣ, ба ҳар як корманд ба ҳисоби миёна лозим меояд ҳар ду рӯз як лоиҳа баррасӣ кунад.

Қисми зиёди ҳуҷҷатҳое, ки барои экспертиза пешниҳод мешаванд, ба лоиҳаҳои дорои арзиши нисбатан кам тааллуқ доранд. Илова бар ин, сарфи назар аз он ки бисёре аз ҳуҷҷатҳо ба лоиҳаҳои қаблан баррасишуда шабоҳат доранд, онҳо аз тамоми давраи пурраи экспертиза мегузаранд, ки боиси хароҷоти иловагии вақт ва захираҳо мегардад.

Дар тақдимот пешниҳод гардид, ки дар фаъолияти марказ таҷриба ва амалияҳои пешрафта ҷорӣ карда шаванд.

Аз ҷумла, пешниҳод шуд, ки тартиби тафриқашудаи баррасии лоиҳаҳо вобаста ба сатҳи хавф ва арзиши онҳо ҷорӣ гардад. Тибқи ин тартиб, ҳангоми гузаронидани экспертизаи ҳуҷҷатҳои пешазлоиҳавӣ вазифаҳои техникӣ баррасӣ карда намешаванд. Ҳамзамон, танҳо лоиҳаҳои корпоративӣ ва буҷетӣ, ки арзиши онҳо аз 15 миллион доллар зиёд аст, ба экспертиза пешниҳод мегарданд.

Ҳамчунин ташаббусҳо оид ба гузаронидани экспертизаи параллелӣ барои лоиҳаҳои бузург ва мегалоиҳаҳо, баррасии босуръати лоиҳаҳои ба ҳам монанд, баррасии содакардашудаи таҷҳизоти аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва маънавӣ кӯҳнашуда, истифодаи усули бенчмаркинг пешниҳод шуданд.

Ин тадбирҳо равандҳои экспертизиро оптимизатсия карда, имкон медиҳанд, ки марказ бештар ба лоиҳаҳои бузурги сармоягузории дорои аҳамияти стратегӣ диққат диҳад.

Дар ҷараёни муаррифӣ инчунин масъалаҳои ҷорӣ намудани механизмҳои ҳавасмандгардонӣ барои иштирокчиёни раванди экспертиза баррасӣ шуданд. Аз ҷумла, пешниҳод гардид, ки барои фармоишгарон чораҳои ҳавасмандкунанда татбиқ карда шаванд, ки гузаронидани босуръати экспертиза ва додани имтиёзҳо дар ҳолатҳои гирифтани хулосаи мусбат дар марҳилаи аввал ё бартараф кардани камбудиҳоро оид ба лоиҳа пеш аз муҳлати муқарраршуда пешбинӣ менамоянд.

Таваҷҷуҳи махсус ба рақамикунонии фаъолияти марказ дода шуд. Барои ин платформаи ягонаи иттилоотӣ таъсис дода мешавад, ки бо пойгоҳҳои маълумотии мақомоти андоз ва гумрук, омори миллӣ, маълумоти экологӣ ва иқлимӣ, инчунин бо системаҳои электронии таснифгари миллии захираҳои сохтмонӣ ва харидҳои давлатӣ ҳамгиро мегардад. Дар назар аст, ки ин платформа имкон медиҳад, ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ дар режими онлайн омода карда, нархҳо ва нишондиҳандаҳои техникии молу хизматрасониҳо бо истифода аз технологияҳои зеҳни сунъӣ таҳлил карда шаванд.

Бо таъкид бар он ки экспертизаи лоиҳаҳо яке аз унсурҳои муҳими муҳити сармоягузорӣ мебошад, сарвари давлат ба шахсони масъул супориш дод, ки монеаҳои зиёдатии бюрократӣ коҳиш дода шуда, равандҳо рақамикунонӣ гарданд ва сифату суръати кор дар ин соҳа баланд бардошта шавад.