Дар асоси пешниҳодҳои фаъолони маҳалла ба шахсони масъул дастурҳо дода шуданд

    Ҳукумат 25 Iyun 2021 4032

    Ба сарвари давлат 31 май муаррифии лоиҳаи ободонии дарёи Чирчиқ тақдим карда шуд.

    Қисмати дарёе, ки аз Тошканд мегузарад, 16 километрро ташкил медиҳад. Дар ин қитъа танг кардани маҷроъ ва сохтани иншооти гуногуни инфрасохторӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар марҳилаи аввал масофаи 5 километри байни кӯчаҳои Оҳангарон ва Бектемир ба тартиб оварда мешавад.

    Дар ин ҷо Президент бо ҷараёни сохтмон шинос шуд.

    Кор дар ин бахш дар солҳои 2021-2022 амалӣ гардонда мешавад. Дар натиҷа, майдони зиёда аз 34 гектар пайдо мешавад.

    Лоиҳа аз чор марҳила иборат аст. Дар марҳилаи дуввум, боз 5 километри дигар, дар марҳилаҳои сеюм ва чорум - 3 километри маҷроъ танг карда мешавад.

    Ҳамагӣ дар натиҷаи ин корҳо 210 гектар замини иловагӣ кушода мешавад. Ҳудуд кабудизор карда, минтақаҳои истироҳатӣ, пайраҳаҳои гаштугузор ва роҳҳои нақлиёти автомобилии маҳаллӣ сохта мешаванд. Инчунин дар назар аст, ки манзилҳои замонавӣ, иншооти истеҳсолӣ ва хидматрасонӣ сохта шаванд.

    Сарвари давлат аҳамияти ин ҳудудро барои экологияи шаҳр таъкид намуда, супориш дод, ки бештар дарахтон шинонда, шумораи ҷойҳои фароғатӣ барои аҳолӣ зиёд карда шаванд.

    Бо иштироки ҳокимони шаҳр ва ноҳияҳои Тошканд, роҳбарони секторҳо, раисони маҳаллаҳо маҷлис баргузор гардид.

    Оид ба рушди соҳибкорӣ, бахусус дар соҳаи хидматрасонӣ ва ташкили ҷойҳои кории иловагӣ аз ҳисоби дуруст равона намудани маблағҳои ҷудошуда чораҳо муайян карда шуданд. Имконияти ташкили 181 ҳазор ҷойҳои корӣ бо роҳи татбиқи 5 ҳазору 400 лоиҳаи ташкили иншооти хидматрасонӣ дар маҳаллаҳо зикр гардид.

    Дар маҷлис ба масъалаҳои иҷтимоӣ диққати махсус дода шуд. Дар давраи гузаштаи соли равон аз 24 ҳазор нафаре, ки ба "дафтари ҷавонон" дохил карда шудаанд, 19,5 ҳазор нафар ҷавонон бо кор таъмин карда шуданд. Дар пойтахт ба ҳамаи зиёда аз 16 ҳазор нафар заноне, ки ба "дафтари занон" дохил карда шудаанд, ёрии амалӣ расонида шуд.

    Бо пешниҳоди намояндагони насли калонсол ва фаъолон ба масъулин оид ба ободонии маҳаллаҳо, таъмири роҳҳо ва шабакаҳои обрасонӣ, беҳтар гардондани хидматрасонии тиббӣ супориш дода шуд. Муҳим будани ба касб равона намудан, ҷалби ҷавонон ба мусобиқаҳои варзишӣ ва маҳфилҳо таъкид гардид.

    - Имсол мо 30-солагии истиқлолияти ватани маҳбубамон Ӯзбекистонро ҷашн мегирем. Мо бояд ин идро бо рӯҳияи болида ва натиҷаҳои баланд пешвоз гирем. Мо бояд ҷабҳаҳои нав, имкониятҳои навро барои хушбахтии мардум пайдо кунем, - гуфт Президент.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates