Роҳбари давлат моҳи марти соли ҷорӣ зимни ташриф ба вилояти Самарқанд бо лоиҳа оид ба обод кардани қадамҷои Махдуми Аъзам шинос шуда буд.
Олими сӯфӣ, ки аслан дар ноҳияи имрӯзаи Косонсойи ба дунё омадааст, яке аз пешвоёни таълимоти нақшбандия ба шумор меравад. Ҳангоми ҷавонӣ дар мадрасаи Фарғона таҳсил намуда, дар Самарқанд таҳти назари мавлоно Муҳаммад Қозӣ, шогирди Хоҷа Аҳрор Валӣ ба мақоми устоди маънавӣ расидааст. Баъдан худ доир ба илми тариқат беш аз 30 асар навишта, шогирдони зиёдро тарбия кардааст.
Ин ин инсони шариф барои хидматҳояш дар роҳи илм унвони Махдуми Аъзам дода шудааст. Пас аз сафарҳои тӯлонӣ дар роҳи илм ва дин, дар вилояти Самарқанд манзил ихтиёр намудааст.
Ҳукмдори Самарқанд Ялангтӯши Баҳодур болои қабри Маҳдуми Аъзам дахма бунёд карда, дар ин ҷо масҷиди калон ва мадраса барои толибилмон бунёд кардааст. Баъди вафоташ ӯро мувофиқи васияти охиринаш дар ҳамин ҷо дафн кардаанд. Умуман, дар зиёратгоҳ беш аз 50 санги қабр ҳифз шудааст, ки ба шарафи кӣ гузошта шудани аксари онҳо муайян гардидааст. Дар радифи мутафаккирони зиёд, ду ҳокими Афғонистон низ (Шоҳ Ҳидоят ибн Шоҳ Қосим (соли 1668) ва Шоҳ Саодат ибн Шоҳ Ҳидоят) дар ин ҷо дафн карда шудаанд.
Дар зиёратгоҳе, ки хокҷои мутафаккир ҷойгир аст, дар доираи лоиҳа корҳои васеи барқарорсозӣ амалӣ мегарданд.
Майдони умумии зиёратгоҳи Махдуми Аъзам тақрибан 5 гектарро ташкил медиҳад. Ба ин маскан зиёраткунандагони зиёд меоянд. Бо мақсади беҳтар намудани шароит барои онҳо дар канори мақбараи Махдуми Аъзам истгоҳи нақлиётии муосири сеошёна, дарвозаи даромадгоҳ, кушхона ва биноҳои маъмурӣ, таҳоратхона, масҷид барои ҳазор нафар ва айвонҳои иловагӣ сохта мешаванд.
Пас аз анҷоми корҳои таъмирӣ барои қабули 35 ҳазор зиёраткунанда дар як вақт имкон фароҳам мегардад. Қаблан танҳо 5 ҳазор нафар зоиронро қабул карда метавонист.
Инчунин, бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди иловагӣ барои зиёраткунандагон корҳои ободонӣ анҷом ёфта, беш аз 40 иншооти савдо ва хидматрасонӣ таъсис дода мешавад.
Ба поси хотири руҳи мутафаккир Қуръон тиловат карда шуд. Президент дар зиёратгоҳ дарахт шинонд.
Бобати боз ҳам обод намудани зиёратгоҳ, шинондани дарахтони садсола дар боғ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои меҳмонон супоришҳо дода шуданд.