Дар майдони назди қароргоҳ қаровули фахрӣ саф орост.
Сарвари давлатамон меҳмони олиқадрро самимона хайрамақдам гуфта, ба шоҳсуфа даъват кард.
Гурӯҳи ҳарбӣ гимнҳои ҳар ду давлатро иҷро кард.
Роҳбарон аз пеши сафи қаровули фахрӣ гузашта, аъзои ҳайатҳои вакилони расмиро хайрамақдам гуфтанд.
Пас аз аксгирии якҷоя гуфтушунидҳо дар сатҳи олӣ оғоз шуданд.