Аз миллиардер пурсиданд, ки агар Вашингтон дар чанд соли наздик «мӯъҷиза» нишон надиҳад, оё Чин дар соҳаҳои зеҳни сунъӣ, истеҳсоли нақлиёти барқӣ ва роботҳои гуманоид бартарӣ пайдо мекунад ё не.

«Бидуни дастовардҳои инноватсионӣ дар ИМА, Чин бартарии комил ба даст меорад», ҷавоб дод Маск.

«Мо наметавонем танҳо ба ҳисоби захираҳои инсонӣ пирӯз шавем, зеро аҳолии Чин чор баробар бештар аст», таъкид кард соҳибкор ва бо таассуф зикр намуд, ки дар ИМА «солҳост сатҳи таваллуд паст мебошад».

«Аммо масъала танҳо дар чор баробар зиёд будани аҳолӣ нест, ҳаҷми меҳнати одамон (дар Чин) бештар аст. Дар Чин сатҳи ҳосилнокии ҳар як нафар баландтар мебошад», — илова кард Маск.

Вай ҳамчунин ба мавқеи пешсафи Пекин дар соҳаи истихроҷи металлҳои нодири замин ишора намуд, хабар медиҳад report.az.