Кормандони матбуот ва васоити ахбори омма

    Сиёсат 27 Iyun 2025 1503

    Пеш аз ҳама, Шумо, рӯзноманигорони муҳтарам, собиқадорони гиромӣ, тамоми кормандони эҷодиву техникиро, ки ӯҳдадории худро дар матбуот, шабакаҳои телевизиону радио, нашрияҳои интернетӣ, корхонаҳои табъу нашр, хадамот ва платформаҳои иттилоотии навшудаи Ӯзбекистони Нав аз таҳти дил ба ҷо меоранд, бо иди касбии имрӯза аз таҳти дил самимона муборакбод мегӯям.

    Дар ҷаҳони ниҳоят мураккаб ва ноороми имрӯза, ки равандҳои иҷтимоию сиёсии ҷаҳон бо суръати бесобиқа тағйир меёбанд, нақш ва нуфузи васоити ахбори оммавӣ беш аз пеш аҳамияти пурзӯр пайдо мекунад, ки инро мо ҳама эҳсос ва дарк мекунем.

    Ба ин маъно, меҳнати пурзаҳмати аҳли қаламро, ки дар фазои васеи расонаҳо иттилооти холисона ва мӯътамад паҳн мекунанд ва манофеи миллиро устуворона дифоъ менамоянд, бо ҷасорати муҳофизони Ватан, ки дар марзҳои муқаддас ҳушёр меистанд, қиёс кунем, бамаврид мебуд.

    Барои ман шарафи бузург аст, ки дар ин рӯзи фархунда ба тамоми кормандони васоити ахбори оммавӣ, ки бо истеъдод ва маҳорати касбии худ дар корҳои таърихии дар мамлакат татбиқшаванда саҳми арзанда мегузоранд, аз номи халқамон эҳтироми амиқ ва орзуҳои нек таманно менамоям.

    Муҳтарам кормандони воситаҳои ахбори оммавӣ!

    Тавре ниёи бузурги ҷадиди мо Хоҷӣ Муин гуфтааст, «Таърихи матбуот, бахше аз таърихи давраи эҳё аст».

    Мо солҳои охир анъанаҳои ибратбахши аҷдодони бузургамонро идома дода, ба рушди пайвастаи васоити ахбори оммавӣ, ки шарт ва тамоюли муҳими ҷомеаи демократӣ мебошад, эътибори устувор медиҳем.

    Ба шарофати ин равиш лоиҳа ва технологияҳои пешрафта, муносибатҳои нави моликият ба фазои расонаии мо босуръат ворид мешаванд. Дар ҷумҳурӣ қариб 2 ҳазору 400 васоити ахбори оммавӣ фаъолият дорад, ки 65 фоизи он ба саҳми бахши ғайридавлатӣ рост меояд, нашрияҳои хусусӣ, шабакаҳои телевизиону радио, захираҳои интернетӣ торафт афзуда, шумораи истифодабарандагони онҳо аз 14,7 миллион ба 32,7 миллион нафар расид, инчунин, сафи созандагони контентҳои иттилоотӣ васеъ мегардад, ки ин бешубҳа ба афзоиши иқтидори мамлакат дар соҳаи медиа хидмат мекунад.

    Бахусус, дастгирии фаъолияти эҷодкорони ҷавон, студияҳои мустақил ва марказҳои продюсерӣ дар роҳи рушди медиаконтентҳои миллӣ, барои пайдоиши лоиҳаҳои баландсифат ва рақобатпазир дар фазои виртуалӣ замина фароҳам менамояд.

    Дар мамлакати мо ҷиҳати таъмини ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон дар соҳаи иттилоот, иҷрои қонунии матбуот ва озодии сухан корҳои назаррас амалӣ мешаванд. Мо дар баробари эътибор ба тарбияи баркамоли фарзандонамон, ки ояндаи мо мебошанд, ба ҳифзи онҳо аз иттилооти зараровар низ диққати махсус медиҳем.

    То соли 2030 озод кардани контентҳои миллии барои бачагон пешбинишуда, аз ҷумла маҳсулоти нашриёти бачагона аз андози даромад, муқаррар намудани андози иҷтимоӣ ба андозаи 1 фоиз ва ҷорӣ намудани тартиби баргардонидани андоз аз арзиши иловашуда як қадами муҳим дар ин самт буд.

    Ҳамчун идомаи чунин тағйиротҳо мо чанде қабл Маркази рушди контенти кӯдаконро таъсис додем. Мавриди зикр аст, ки ин марказ ҷиҳати тарбияи насли наврас дар руҳияи арзишҳои миллӣ, ба ғояҳои наҷиб ва маърифат ошно намудани онҳо аллакай корҳои амалии худро оғоз намудааст.

    Вақте дар ин маврид ҳарф мезанем, бояд гуфт, ки лоиҳаи қонун дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои корбарони онлайн-платформа ва сомонаҳои интернетӣ низ ба муҳокимаи умум гузошта шудааст.

    Ҳоло рушди босуръати технологияҳои зеҳни сунъӣ баробари боз кардани имконоти васеъ барои журналистика, мувофиқи талаботи замон ба роҳ мондани корҳоямонро дар ин самт тақозо мекунад.

    Боиси хушнудист, ки тайи солҳои охир дар мамлакати мо насли нави журналистони фидокору ватандӯст ба камол мерасанд, ки касби худро, баробари забони модарӣ, забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои иттилоотиро амиқ аз худ кардаанд.

    Ҳоло мо ҷиҳати ҳалли масъалаҳои муҳим, аз қабили таъмини холисӣ ва волоияти қонун дар васоити ахбори оммавӣ, баланд бардоштани донишу малакаи касбӣ, аз худ намудани усулҳои муосири паҳнкунии иттилоот, ташаккули фарҳанги иттилоотӣ, мубоҳисаву муколама дар байни аҳолӣ, мубориза бар зидди зуҳуроти гуногуни номатлуб ва коррупсия дар ҷомеа корҳои зиёдеро бояд анҷом диҳем.

    Муҳтарам кормандони васоити ахбори оммавӣ!

    Бо назардошти пешниҳодҳои рӯзноманигорон ва дастаҳои эҷодии мамлакат имсол бори аввал Ҷоизаи миллии «Қалами тиллоӣ» дар 27 июн – Рӯзи кормандони матбуот ва васоити ахбори оммавӣ супорида мешавад.

    Аз фурсат истифода бурда, тамоми ғолибони озмун ва кормандони соҳаро, ки имрӯз дар ҳузури шумо бо мукофотҳои бузурги давлатӣ ботантана сарфароз мегарданд, аз таҳти дил самимона табрик менамоям.

    Бовар дорам, ки дар оянда ҳар яки шумо мактаби таҷриба ва маҳорати худро офарида, дар рушди журналистикаи миллӣ саҳми боз ҳам бештар мегузоред.

    Бешубҳа, қадрдонии меҳнати пурзаҳмати кормандони васоити ахбори оммавӣ, дастгирии дастаҳои эҷодӣ, таҳкими пойгоҳи моддию техникӣ ва кадрҳои соҳа минбаъд низ дар Ӯзбекистони Нав аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ боқӣ мемонад.

    Шуморо бори дигар бо иди касбиатон аз таҳти дил табрик гуфта, накӯтарин орзуҳои дили худро таманно мекунам.

    Ҳамеша сиҳату саломат бошед, дар кори масъулиятноку пуршарафи худ барака ёбед, азизон!

    Шавкат Мирзиёев,

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон


    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates