Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон изҳор медорад, ки фаъолияти зилзилавӣ ба тӯфонҳои магнитӣ иртибот надорад. Ғайр аз ин, муайян кардани дақиқи вақт ва ҷои заминларзаи эҳтимолӣ ғайриимкон аст.
Аз ҳамин сабаб, ВҲФ шаҳрвандонро даъват мекунад, ки ба таҳлука дода нашаванд ва ба иттилооти носаҳеҳ бовар накунанд.
Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки тибқи мушоҳидаҳои Маркази мониторинги пешгӯии зилзилаи назди ВҲФ, айни замон дар қаламрави Ӯзбекистон ҳеҷ гуна тағйироти ғайримуқаррарие, ки ба эҳтимоли заминларзаи шадид ишора кунад, ба қайд гирифта нашудааст.