Зимни гуфтушунид масъалаҳои татбиқи тавофуқномаҳое, ки дар доираи форуми тиббии Беларусу Ӯзбекистон ҳосил шуда буданд, матраҳ шуданд. Нақшаҳои рушди минбаъдаи ҳамкории тиббӣ байни вилоятҳои Навоӣ ва Витебск баррасӣ шуданд, хабар медиҳад АИ «Дунё».
Дар ҷараёни сафари сеҳафтаина пизишкон аз Ӯзбекистон метавонанд бо ташкили кор дар соҳаи расонидани ёрии тиббӣ шинос шаванд, таҷрибаомӯзӣ гузаранд, дар дарсҳои маҳорат ширкат варзанд ва таҷрибаи амалӣ ва дастовардҳои тарафҳоро дар соҳаи тандурустӣ баррасӣ намоянд.