Байни Ӯзбекистон ва Қазоқистон автобусҳои сайёҳӣ ба роҳ монда мешаванд

    Нақлиёт 6 Aprel 2023 1230

    Бо мақсади боз ҳам зиёд кардани гардиши сайёҳон ба вилояти Тошканд гуфтушунидҳо оид ба роҳандозии автобуси мунтазами сайёҳӣ байни вилояти ҳамсояи Туркистони Ҷумҳурии Қазоқистон ва шаҳри Нурафшон идома доранд.

    Бинобар иттилои хидмати матбуоти ҳокимияти вилояти Тошканд ҳар сол мубодилаи 10 000 сайёҳон пешбинӣ шудааст.

    Дар вилоят 59 фирмаи сайёҳӣ, 34 меҳмонхона ва 907 меҳмонхонаи оилавӣ мавҷуд аст. Дар натиҷа сайёҳии дохилӣ ба 1,5 миллион нафар расид, содироти хидмат 79 миллион долларро ташкил дод.

    Дар доираи консепсияи "Ҳалқаи тиллоӣ" бо мақсади дароз кардани сафар хатсайри панҷрӯза таҳия карда шуд. Ба он ноҳияҳои Бўстонлиқ, Паркент, Зангиота, Оҳангарон, Чиноз ва шаҳри Ангрен, ки иқтидори баланди сайёҳӣ доранд, ворид карда хоҳанд шуд.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates