Якмоҳа бахшида ба сайёҳӣ барои пиронсолон тахфифҳои муайяне пешниҳод кард

    Сайёҳӣ 3 Noyabr 2021 924

    Мувофиқи барномаҳои чорабинӣ оид ба такмили минбаъдаи низоми дастгирии давлатии пиронсолон, ки бо қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 28 майи соли 2020 "Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба такмили минбаъдаи низоми дастгирии давлатии пиронсолон" тасдиқ шудааст, ба мақсади ҳавасмандгардонии пиронсолон ба сайёҳат дар мамлакат моҳи ноябр "моҳонаи сайёҳӣ барои куҳансолон" эълон карда шуд.

    Барои моҳро муносиб газарондани пиронсолон, ташкили хуби истироҳати онҳо ва рушди туризми дохилӣ дар ҷумҳурӣ оид ба хидматрасонии 223 муассисаи ҷойгиркунӣ (меҳмонхона ва хонаҳои меҳмонӣ), то 50 фоиз имтиёзҳо ҷорӣ карда шуданд. 20 фоиз — барои хизмати 204 муассисаи хуроки умумӣ.

    ҶC «Uzbekistan Airways» дар давраи аз 1 то 30 ноябр барои мардони синнашон аз 60 боло ва занони синнашон аз 55 боло ба миқдори 25 фоиз ба нархҳои ҷории класҳои эконом ва бизнес ба ғайр аз (LPR3M, UPR3M, SPR3M, OPR3M) барои парвози ҳавоӣ дар дохили ҷумҳурӣ тахфифҳои ихтиёрӣ ҷорӣ мекунад.

    Ба ғайр аз ин, дар моҳи ноябр тахфифҳои ихтиёрии ҶС «Ўзбекистон темир йўллари» ба миқдори 10 фоиз ба тарифҳои дар дохили ҷумҳурӣ ҷорӣ ва ҶММ «Узавтотранс сервис» ба миқдори 10 фоиз ба арзиши чиптаҳои автобусҳо дар хатсайрҳо маҳаллӣ амал мекунанд.

    Айни ҳол Агентии мероси маданӣ ба миқдори 20 фоиз барои дастрасӣ ба 24 объектҳои мероси маданӣ дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳои Бухоро, Қашқадарё, Самарқанд, Сирдарё ва Хоразм тахфиф ҷорӣ намудааст.

    Вазорати сайёҳӣ ва варзиш барномаҳои сайёҳии дохилиро оид ба 14 вилоят таҳия намуд, ки муқаддасҷойҳо ва зиёратгоҳҳоро ба ҳам мепайвандад, Вазорати дастгирии маҳалла ва оила ҷиҳати ҷалби фаъолони ҳама минтақаҳо, аз ҷумлаи намояндагони насли калонсол дар ҷамоатҳои шаҳрвандон чораҳо андешида истодааст.

    Дар робита ба он, ки дар кишвар сайёҳии дохилӣ тибқи қарори комиссияи махсуси ҷумҳуриявӣ иҷозат дода шудааст, ҳангоми ташкили фароғати пиронсолон қоидаҳои санитарию гигиенӣ барои саломатӣ ва бехатарии онҳо қатъиян риоя карда мешаванд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати сайёҳӣ ва варзиш.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates