ВКХ: Ӯзбекистон аз роҳи интихобнамудаи рушди мустақил қатъӣ пеш меравад

    Муҳим 7 May 2022 1782

    Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон дар бораи идомаи паҳншавии изҳороти беасос аз ҷониби роҳбарони алоҳидаи кишварҳои хориҷӣ дар бораи густариши Давлати иттиҳод ва пайвастани Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба он бо Изҳорот баромад.

    «Дар вақтҳои охир баъзе нашрияҳои хориҷӣ, ки худро дар инъикоси воқеаҳо объективона ва беғаразона вонамуд мекунанд, паҳншавии изҳороти беасоси роҳбарони алоҳидаи мамлакатҳои хориҷиро дар бораи вусъати Иттиходи шуравӣ ва ба он пайвастани Ҷумҳурии Ӯзбекистон давом медиҳанд.

    Ба ин муносибат, мо бори дигар роҳ надодан ба чунин амалҳои иғвоангезеро, ки метавонад ба муносибатҳои дӯстонаи Ӯзбекистон бо шарикони хориҷӣ халал расонад, изҳор менамоем.

    Ҷумҳурии Ўзбекистон ба мақсади таъмини истиқлолият ва соҳибихтиёрии кишвар, ки танҳо ба манфиатҳои миллӣ асос ёфтааст, қатъӣ аз роҳи интихобнамудаи рушди мустақил пеш меравад”, - гуфта мешавад дар Изҳороти ВКХ Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates