ВКХ Ӯзбекистон дар робита ба ҳалокати шумораи зиёди одамон ва харобиҳои густурда бар асари заминларза дар Афғонистон изҳори ҳамдардӣ кард

    Муҳим 9 Oktabr 2023 6903

    Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон дар робита ба ҳалокати шумори зиёди одамон ва харобиҳои густурда бар асари заминларза дар вилоятҳои ғарбии Афғонистон изҳороти расмӣ пахш кард.

    «Ӯзбекистон хабари ҳалокати шумораи зиёди одамон ва харобиҳои густурда дар натиҷаи заминларза дар вилоятҳои ғарбии Афғонистонро бо эҳсоси андӯҳи амиқ қабул кард», - гуфта мешавад дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон. - Мо ба хонаводаи қурбониёни заминларза изҳори ҳамдардӣ намуда, ба ғаму андӯҳи мардуми Афғонистон шарик ҳастем ва ба ҳамаи осебдидагон шифои ҳарчи зудтарро таманно дорем.

    Ҷониби Ӯзбекистон дар ин рӯзҳои душвор бо Афғонистон ва мардуми он ҳамраъйӣ дорад”.

    Бино ба маълумоти охирини хабаргузории «Аnadolu»-и Туркия дар натиҷаи заминларза дар вилояти Ҳирот дар шимолу ғарби Афғонистон беш аз 2053 нафар фавтита ва беш аз 9000 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Тибқи иттилои Хадамоти геологии ИМА (USGS), заминларза дар Ҳирот рӯзи 7 октябр тақрибан соати 11:00 ба вақти маҳаллӣ (дар Тошканд 10:30) бо фосилаи 8 дақиқа рух додааст. Шиддати заминларза аз 4,6 то 6,3 баллро ташкил додааст.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates