Дар марҳилаи аввал муҳоҷирон метавонанд маблағи на он қадар зиёд аз 5 ҳазор то 15 ҳазор рубл гиранд. Фоизҳо дар давоми 21 рӯз ситонида намешаванд, пас ставка  дар як рӯз 1 фоизро ташкил хоҳад дод, менависад “Коммерсант”.

Дар марҳилаи аввал интиқол бо қарз дар ҳама салонҳои “Мегафон” дастрас хоҳад буд, аммо дастрас кардани хидмат дар тамоми инфрасохтори “Золотой Корона” дар нақша мебошад. Қарзҳоро ширкати қарзии хурди “Страна экспресс” пешниҳод менамояд, аммо дар оянда имкони пайвастани шарикони нав  пайдо мешавад.

Худи низоми хидматрасонии пардохт аз маҳсулот ҳамчунин ба мисли интиқоли муқаррарӣ фоида ба даст меорад - аз ҳисоби комиссия (меъёри базавӣ 1% -и маблағи пардохт, вале на бештар аз 1000 рубл, 20 доллар ё 15 евро).

Ёдовар мешавем, ки дар моҳи июн системаҳои интиқоли пул ба кишварҳои ИДМ 720 миллион доллари ИМА фиристода буданд. Ин натиҷаи беҳтарини се сол аст. Шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ, ки муштариёни асосии низоми интиқоли пул мебошанд, дар солҳои 2020-2021 коҳиш ёфтаанд, аммо даромади онҳо ба таври назаррас афзоиш ёфтааст. Ин афзоиши интиқоли маблағро ба ватанашон таъмин кард.