Вазорати энергетика: "Ҳеҷ гуна таҳдид ба додани низоми ҳамлу нақли газ ва соҳибихтиёрии Ӯзбекистон вуҷуд надорад"

    Энергетика 25 Yanvar 2023 493

    Ба додани низоми ҳамлу нақли газ ва соҳибихтиёрии Ӯзбекистон таҳдиде вуҷуд надорад. Дар ин бора вазорати энергетикаи Ӯзбекистон пас аз имзои "харитаи роҳ"-и ҳамкорӣ дар соҳаи газ бо ширкати "Газпром"-и Русия изҳор дошт.

    24 январ вазорати энергетика ва ширкати «Газпром» дар мавриди ҳамкорӣ дар бахши газ гуфтугӯ карданд. Ҷонибҳо имкониятҳои техникии интиқоли гази табииро аз Русия ба Ӯзбекистон баррасӣ намуданд, хабар медиҳад вазорат.

    Тибқи “харитаи роҳ” гурӯҳи корӣ, ки ҷонибҳо ташаккул додаанд, дар бораи тадбирҳои техникӣ барои амалӣ намудани транзити газ тавассути лӯлаи гази “Осиёи Марказӣ – Марказ”, ки аз қаламрави Қазоқистон ва Ӯзбекистон мегузарад, мувофиқа карданд, гуфта мешавад дар хабари Вазорати энергетика.

    Вазорати энергетика таъкид кард, ки гурӯҳи корӣ пас аз анҷоми тамоми корҳо аз нуқтаи назари техникӣ, шартҳои асосии интиқоли гази табиӣ баррасӣ мешавад.

    Вазорати энергетикаи Ӯзбекистон изҳор дошт, ки гуфтушунидҳо ва имзои «харитаи роҳ» ба интиқоли гази табиӣ ба бозори дохилии Ӯзбекистон дар ҳаҷми зарурӣ ва пурра нигоҳ доштани ҳуқуқи моликият ба системаи мавҷудаи газ равона шудааст.

    Дар идора таъкид намудаанд, ки ҳеҷ гуна таҳдид ба касе додани низоми ҳамлу нақли газ ё ки соҳибихтиёрии мо вуҷуд надорад.

    «Тамоми корҳо дар ин самт бо ҳимояи ҳамаҷонибаи манфиатҳои миллии Ӯзбекистон анҷом дода мешаванд, ва натиҷаҳои он пайваста ба таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа расонида мешавад», - таъкид намуданд дар Вазорати энергетика.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates