Дар мулоқот инчунин масъулони Инспексияи давлатии назорат дар соҳаи иттилоот ва телекоммуникатсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Маркази давлатии персонализатсия ширкат варзиданд.
Тавре дар мулоқот қайд гардид, имрӯз Tik Tok дар бисёр кишварҳои ҷаҳон лоиҳаҳои азимро амалӣ карда истодааст. Намояндагони ширкат омодагии худро барои татбиқи чунин лоиҳаҳо дар Ӯзбекистон изҳор доштанд.
Инчунин, дар рафти мулоқот масъалаҳои таъмини бехатарии маълумоти шахсии истифодабарандагони платформа дар Ӯзбекистон ва иҷрои талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон баррасӣ гардиданд.
Намояндагони ин ширкат изҳори омодагӣ карданд, ки барои ҷилавгирӣ аз паҳншавии маводҳои хилофи қонунҳои Ӯзбекистон ҳамкорӣ кунанд.
Ҳамзамон бо мақсади густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд Вазорати ТИК ба намояндагони ширкатҳо оид ба кушодани намояндагиҳои худ дар Ӯзбекистон пешниҳодҳо пеш гузошт.
Дар рафти суҳбат аз рӯи масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо мубодилаи афкор барпо гардид.