Ҳангоми суҳбат таваҷҷуҳи махсус ба омодагӣ ба Маҷлиси генералии дарпешистодаи ЮНЕСКО, ки дар шаҳри таърихии Самарқанд — дар чорроҳаи тамаддунҳо баргузор мешавад, равона гардид.
Ҳамчунин ҷонибҳо доираи васеи масоили ҳамкориро муҳокима намуда, зарурати тақвияти талошҳои муштаракро дар соҳаҳои фарҳанг, маориф ва ҳифзи мерос махсус таъкид карданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ВКХ Ҷумҳурии Ӯзбекистон.









