Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон бо Котиби давлатии ИМА гуфтушунид кард

    1 июли соли 2021 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов дар Вашингтон бо Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Энтони Блинкен мулоқот кард.

    Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои мубрами амиқсозии минбаъда ва густариши шарикии стратегии бисёрҷабҳаи Ӯзбекистон ва ИМА муҳокима шуданд.

    Сардори Департаменти давлатӣ изҳори ақида кард, ки муносибатҳои Ӯзбекистон ва Амрико роҳи тӯлонии эволютсиониро паси сар кардаанд ва дар айни замон дар авҷ мебошанд. Энтони Блинкен изҳор дошт, ки ҳамкориҳои дуҷониба васеъ ва мустаҳкам мешаванд. Ҳамзамон, ҷонибҳо мавҷуд будани потенсиали бузурги таҳкими минбаъдаи шарикии стратегиро таъкид карданд.

    Котиби давлатӣ изҳор намуд, ки барномаи ислоҳоти Президент Шавкат Мирзиёев, аз ҷумла ҳифзи ҳуқуқи инсон ва дигаргуниҳои демократӣ дар кишвари моро дастгирӣ мекунад.

    Сардори Департаменти давлатӣ аз ташаббусҳои Ӯзбекистон оид ба густариши муносибатҳои неки ҳамсоягӣ бо кишварҳои минтақа истиқбол кард. Таваҷҷуҳи махсус ба ҷанбаҳои амалии ҳамкориҳои минтақавӣ, аз ҷумла дар доираи формати C5 + 1 зоҳир карда шуд.

    Ҷониби Амрико барои кӯшишҳои Ӯзбекистон оид ба ноил шудан ба сулҳу суботи устувор дар Афғонистон, тавсеаи робитаи минтақавӣ, аз ҷумла тавассути ҳамкориҳои зичии сиёсӣ ва иқтисодӣ бо ҶИА, ки ба ҳадафҳои таъмини шукуфоӣ ва рушд дар паҳновари Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ хидмат хоҳад кард, сипосгузорӣ кард, хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

    Дар охири сӯҳбат роҳбари Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон Котиби давлатии ИМА-ро ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд «Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ: робитаи мутақобилаи минтақавӣ. Даъватҳо ва имкониятҳо”, ки 15-16 июли соли равон дар Тошканд баргузор мешавад, даъват намуд.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates