13 Apr 2025
03:11

    Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон бо Дабири кулли СҲШ мулоқот кард

    Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Бахтиёр Саидов рӯзи 4 март бо Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) Нурлан Ермекбоев, ки бо сафари расмӣ ба кишвар омадааст, мулоқот кард.

    «Хушҳолем, ки имрӯз дар Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай, Ҷаноби олӣ Нурлан Ермекбоевро истиқбол менамоем, – навиштааст роҳбари ВКХ Ӯзбекистон дар канали Telegram-и худ. – Аз замони таъсисаш СҲШ ба як платформаи муҳими ҳамкории амалӣ ва прагматикӣ табдил ёфтааст. Мо масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар доираи СҲШ, таҳкими амнияти минтақавӣ, инчунин рушди робитаҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ миёни давлатҳои узвро баррасӣ кардем. Ӯзбекистон барои таҳкими ҳамкории бисёрҷониба ва саҳмгузорӣ дар шукуфоии муштараки минтақа содиқ мемонад.»

    Ёдовар мешавем, ки Нурлан Ермекбоев аз 1 январи соли 2025 ба иҷрои вазифаҳои Дабири кулли СҲШ шурӯъ кард. Ӯ дар ин мақом Чжан Минро иваз намуд, ки солҳои 2022-2024 роҳбари Котиботи СҲШ буд.

    Дабири кулли нави СҲШ 62-сола буда, қаблан дар Қазоқистон вазифаҳои муҳимеро бар уҳда дошт – ёвари Президент, муовини вазири корҳои хориҷӣ, вазири мудофиа. Ӯ дорои рутбаи дипломатии Сафири Фавқулода ва Мухтор мебошад. Забонҳои қазоқӣ, русӣ, англисӣ ва хитойиро медонад.

    Our Telegram
    Text to speech