Ба иттилои Report дар ин бора агентии Yonhap хабар додааст.
"Имрӯз Президент аризаи истеъфои вазири дифоъ Ким Ёнг Хёнро қабул карда, ба ӯ иҷозат дод, ки аз вазифа равад", - гуфт сарвари котиботи маъмурияти Президент Чон Ҷин Сок.
Қаблан расонаҳои Кореяи Ҷанубӣ хабар дода буданд, ки вазири дифои миллӣ ба Президент тавсия додааст, ки ҳолати ҷангӣ ҷорӣ кунад.
Баъдан, Ким Ёнг Хён аз шаҳрвандон узр пурсида, дар пасманзари эътирозҳо дар кишвар, рӯзи 5 декабр аризаи истеъфо дод.
Ба вазифаи вазири дифоъ сафир дар Арабистони Саудӣ Чхве Бён Ҳёк пешниҳод шудааст. Тавре ки Yonhap қайд мекунад, ӯ "на танҳо дониши амиқ дар соҳаи амният, балки таҷрибаи бузурги амалӣ дорад".