Вазири таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсия бо сафири ИМА мулоқот кард

    Таълим 26 Yanvar 2023 747

    25 январи соли ҷорӣ вазири таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Иброҳим Абдураҳмонов бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори ИМА дар Ӯзбекистон Жонатан Ҳеник мулоқот анҷом дод.

    Дар мулоқот намояндагони сафорати ИМА - мушовири робита бо ҷомеа Алексис Салливан (Alexis Sullivan) ва мушовири сиёсӣ Абдумалик Исмоилов ширкат доштанд.

    Дар ҷараёни он масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар чаҳорчӯби лоиҳаҳои ҳамкорӣ миёни донишгоҳҳо, барномаҳои табодули донишҷӯён, докторантҳо ва муҳаққиқон, дастгирии забони англисӣ баррасӣ шуданд.

    Вазири таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсия И.Абдураҳмонов ба ҷониби Амрико дар бораи ислоҳоти дар Ӯзбекистон гузаронидашуда маълумот дод. Вай таъкид кард, ки ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҷорӣ кардани барномаҳое, ки ба беҳбуди сифати таҳсилоти олӣ дар Ӯзбекистон, беҳбуди омодасозии кадрҳо нигаронида шудаанд, таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад. Аз ҷумла, ба чунин самтҳои афзалиятнок, ба мисли кишоварзӣ, энергетика ва манбаъҳои муқобили энергия, мошинсозӣ, меъморӣ ва сохтмон, тиб ва дорусозӣ, инчунин математика, физика, химия, биология ва геология таваҷҷуҳи алоҳида дода мешавад.

    Самтҳои барои ҷониби Ўзбекистон муфид, ба мисли такмили ихтисоси профессорону омӯзгорон, таълими забони англисӣ, инчунин ҷалби мутахассисони амрикоӣ барои гузаронидани лексияҳо, семинарҳо ва тренингҳо, кушодани филиалҳои донишгоҳҳои Амрико дар Ӯзбекистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

    Ҳамчунин зикр гардид, ки таъсиси барномаҳои муштараки таълимӣ (Double-degree Program), инчунин тавсеаи ҳамкорӣ тавассути ташкили лексияҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат бо иштироки мутахассисони амрикоӣ дар мактабҳои олии ҷумҳурӣ аҳамияти калон доранд.

    Дар навбати худ, ҷаноби сафир Ҷ.Ҳеник рушди босуръати муносибатҳои дуҷонибаи Ӯзбекистон ва Иёлоти Муттаҳидаро дар соҳаи маориф қайд намуда, изҳори умедворӣ кард, ки муносибатҳо дар оянда ба сатҳи баландтар бардошта шаванд.

    Ҷонатан Ҳеник қайд кард, ки айни замон бо иштироки муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ Барномаи шарикии донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ UniCEN, Барномаи такмили ихтисоси омӯзгорони факултетҳо (Faculty Enrichment Program - FEP), Барномаи стипендия барои омӯзгорони забони англисӣ (English Language Fellow Program - EL Fellow) амалӣ карда мешавад ва таъкид намуд, ки ин барномаҳо барои рушди муносибот дар оянда такони дигар мегардад. Ба ғайр аз ин, пешниҳод шуд, ки дар Ӯзбекистон моҳи октябри соли 2023 бо иштироки донишгоҳҳои ИМА ва муассисаҳои таълими олии ҷумҳурӣ форум ё конфронс гузаронда шавад.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates