Вазири тандурустии Ӯзбекистон директори генералии СУТ-ро ба кишвари мо даъват кард

    Тандурустӣ 26 May 2022 1509

    Дар доираи иштироки ҳайати Ӯзбекистон дар кори иҷлосияи 75-уми Ассамблеяи умумиҷаҳонии тандурустӣ мулоқоти дуҷонибаи вазири тандурустӣ Беҳзод Мӯсоев ва Директори генералии СУТ Тедрес Гебрейесус баргузор шуд.

    Дар мулоқот директори генералии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) бо ислоҳоти дар Ӯзбекистон татбиқшаванда муфассал шинос шуд.

    Дар доираи ташаббуси COVAX ба СУТ барои кумак ба Ӯзбекистон дар таъмини дастрасии баробар ба ваксинаҳо изҳори сипос карда шуд.

    Бо мақсади боз ҳам густариш додани ҳамкориҳои байни ҷумҳурӣ ва СУТ ва дар маҳалҳо шинос шудан бо тамоми ислоҳоти соҳаи тандурустӣ дар кишвар аз директори генералӣ даъват карда шуд, ки дар ояндаи наздик шахсан ба Ӯзбекистон сафар кунад.

    Раҳбари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз мулоқоти ахири худ бо роҳбарияти Шӯрои сарпарастони Бунёди ВАО дар Женева бо самимият ёдовар шуд, хабар медиҳад АИ «Дунё».

    Дар солҳои охир беҳбуди назаррас дар соҳаи тандурустӣ қайд гардида, омодагии коршиносони ин созмон барои расонидани кумаки ҳамаҷониба ба ҳукумати Ӯзбекистон дар татбиқи ислоҳоти густурда дар соҳаи тандурустӣ изҳор гардид.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates