Мулоқоти Ӯзбекистону Туркия дар чаҳорчӯби Созишномаи дуҷониба оид ба ҳамкориҳои техникӣ, илмӣ ва иқтисодӣ дар соҳаи кишоварзӣ ташкил карда шуд. Ҷаласаи қаблии Кумитаи иҷроияи кишоварзии байни Ӯзбекистон ва Туркия 18 апрели соли 2018 дар Бухоро баргузор шуда буд.
«Имсол ҷаласа, ки платформаи асосии байниидоравӣ дар рушди ҳамкориҳои маҷмааҳои агросаноатии ду кишвар мебошад, дар остонаи сафари вазири кишоварзӣ ва ҷангали Ҷумҳурии Туркия Бекир Пакдимерлӣ баргузор шуд, -- шарҳ дод сардори Сарраёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ ва сармоягузорӣ Шоҳрух Толибов. -- Дар доираи сафар ташрифи доираҳои тиҷоратии Туркия, ки аз бахши кишоварзӣ намояндагӣ мекунанд, низ дар назар аст, ки имкон медиҳад густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии ду кишвар ва ташкили лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ дар бахши кишоварзӣ баррасӣ шавад».
Дар рафти чорабиниҳои серӯза як қатор вохӯриҳо доир гардида, ҷонибҳо оид ба вазъи кунунӣ ва густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар як қатор соҳаҳо: зироаткорӣ; карантин ва ҳифзи растаниҳо; чорводорӣ, паррандапарварӣ, моҳипарварӣ ва аквакултура; тадқиқоти кишоварзӣ; рушди деҳот; боғдорӣ ва гармхонаҳо; ҳамкорӣ дар соҳаи таълими хоҷагии қишлоқ; озмудани навъҳои зироатҳои хоҷагии қишлоқ; тухмипарварӣ; сертификатсия ва озмоиши техника ва технологияҳои кишоварзӣ; стандартизатсия дар соҳаи кишоварзӣ; ҷангалпарварӣ табодули афкор мекунанд.
Дар рафти баррасии масъалаҳо роҳбарони вазорату идораҳои дигари дахлдори комплекси агросаноатӣ низ иштирок мекунанд.
Дар натиҷа, ҳамраисҳои зерқумита протоколи дахлдорро барои татбиқи минбаъда тасдиқ мекунанд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.