Миссияи ХБА ва Бонки осиёии рушд ба арзёбии ҳолати маъмурияти андози Ӯзбекистон шуғл меварзад

    Молия 12 Iyul 2023 2190

    10 июли соли равон муовини вазири иқтисод ва молияи ҷумҳурӣ Дилшод Султонов бо намояндагони Департаменти корҳои фиксалии Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) ва Бонки осиёии рушд (БОР) таҳти роҳбарии Винсент де Пол Кукпайзан мулоқот намуд.

    Ба ин миссия кормандони ХБА Стефен Веспермпн ва Ҷон Мидлтон ва кормандони БОР Наҷам Ҷавайд ва Гоу Нагата шомиланд.

    Дар мулоқот самтҳои асосии миссияи муштараки ХБА ва БОР оид ба баҳодиҳии маъмурияти андози Ӯзбекистон тавассути воситаи “TADAT” баррасӣ шуданд.

    Ҳадафи асосии миссия арзёбии ташхисии вазъи маъмурияти андоз (TADAT) мебошад, ки дар доираи он бояд ҷиҳатҳои қавӣ ва заъфи системаи идоракунии андоз зоҳир карда шуда, барномаи ислоҳоти минбаъдаи он ва пайдарҳамии амалҳо муайян карда шавад.

    Бо мақсади ба ҳадди аксар расонидани дақиқии маълумот ҳангоми баҳодиҳии системаи идоракунии андоз инчунин пешниҳод карда шуд, ки ба минтақаҳо сафарҳои корӣ ташкил карда, вазъи маъмурияти андозро дар маҳалҳо муфассал омӯзанд.

    Дар навбати худ Винсент де Пол Кукпайзан ба Дилшод Султонов ва вазорати иқтисод ва молия барои истиқболи самимӣ изҳори сипос намуд.

    Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои ҳалли саривақтии масъалаҳои ба миёномада дар ҷараёни миссия вохӯриҳои иловагӣ ташкил намоянд.

    Барои маълумот: TADAT абзорест, ки барои баҳодиҳии объективии ҷиҳатҳои қавӣ ва заъфи ҷузъҳои асосии системаи идоракунии андози кишвар бо назардошти нӯҳ самти фаъолият пешбинӣ шудааст. Натиҷаҳои баҳодиҳӣ миқёси ислоҳоти зарурӣ ва афзалиятҳои нисбиро, ки таваҷҷуҳро тақозо мекунанд, нишон медиҳанд.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates